Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сергей Рябков, муъовини вазири хориҷаи Русия имруз душанбе дар мусоҳибаи бо хабаргузории РИА Новости эълом кард ин кишвар дар пайи ташдиди ҷанг дар Украина ва идомаи ҳимоятҳои ҳамаҷонибаи таслиҳотии ғарб аз Киев мавозеъи таҳрикомези Амрикоро маҳкум ва эҳтимоли музокираро рад карда аст.
Сергей Рябков афзуд: Ғарб ҳеҷ тарҳ ва ибтикори ҷадиди барои ҳалли буҳрони Украина ироа надода аст.
Берлин ва Вашенгтон ахиран тасмим гирифтанд тонкҳои олмонӣ ва амрикоиро ба баҳонаи ҷанг дар Украина ба ин кишвар ирсол кунанд.
Беш аз 11 моҳ аз ҷанги Украина бо ҳамаи таблиғоти густардаи сиёсӣ, низомӣ, иқтисодӣ, иҷтимоъӣ ва ҳатто фарҳангияш мегузарад ва ирсоли таслиҳотии кишварҳои ғарби ҳамчунон идома дорад.
342/